Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Стратегияи нави шарикӣ баррасӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози мулоқот ба масъалаи татбиқи лоиҳаи афзалиятноки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар шакли гранти бебозгашт ба маблағи 350 миллион доллари ИМА ва дастгирии буҷет дар чаҳорчӯби барномаи сиёсати иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба ва нақши калидии Бонки ҷаҳониро ҳамчун яке аз шарикони асосии рушд барои Тоҷикистон таъкид намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикаи барқароршаванда, соҳаи кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва дастгирии бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобила изҳор гардида, зарурати ба инобат гирифтани афзалиятҳои миллии кишвар дар раванди таҳияи Стратегияи панҷсолаи нави шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ таъкид карда шуд.
Ба мувофиқа расида шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи Стратегияи панҷсолаи нави шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини устувории молиявии лоиҳаҳо, ҷалби бештари захираҳои имтиёзнок, аз ҷумла грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок тақвият дода шавад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон