Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро бо 21 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот барои тамрин ва бозии дастаҳои футболи ноҳия, баргузории мусобиқаҳо, тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба футбол аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи наздики 69 млн. сомонӣ ба итмом расид.
Дарозию паҳноии майдони футбол 105 ба 68 метр буда, дорои чамани табиист. Ин имкон медиҳад, ки бозигарон дар майдони ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бозӣ ва тамрин намоянд. Атрофи чаман, ки бо роҳрави резинӣ барои дав иҳота гардидааст, барои машқ ва қабули мусобиқаҳои риштаи варзиши сабук пешбинӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ бо ҳайати дастаи футболи “Ҳулбук”, ки ноҳияи Восеъро дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ намояндагӣ менамоянд, суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш, рушд додани малакаи касбӣ ва муаррифии арзандаи Ватану миллат ҳидоят намуданд.
Варзишгоҳ дорои 4 минбар барои мухлисон ва 21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла аз ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос, ҳаммому дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Инчунин дар он толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва пешайвон омода гардидааст, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони муосири равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, шабона ҳам мусобиқаҳо гузаронда шаванд.
Дар ҳудуди иншоот ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, зеристоҳи барқӣ, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани варзишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст.
Ба истифода додани чунин иншооти муосир дар ноҳия барои рушди варзиш ва ташкили чорабиниҳои мухталифи солимгардонӣ имкониятҳои лозимаро фароҳам меорад.
Ба истифода додани Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ нишона аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншооти дигар идома дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба тарғиби футбол замина мегузорад.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






