Сокинони ноҳияи Муъминобод соҳиби туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд

Октябрь 18, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангиву маънавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи нақша, ин туҳфаи арзишманд ба 13 ҳазору 383 хонаводаи ноҳия дар 7 ҷамоати деҳот аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулони маҳаллӣ тақсим карда мешавад.

Ин иқдоми миллӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ба таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Сокинони Муъминобод ҳангоми соҳиб шудан ба ин туҳфаи пурқимат таъкид карданд, ки Пешвои миллат бо ин иқдоми фарҳангпарварона ба эҳёи арзишҳои маънавии гузаштагон ва таҳкими худогоҳии миллӣ саҳми бузург мегузоранд.

Иброз гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун рамзи хирад, мардонагӣ ва ватанпарастӣ ҳамеша илҳомбахши наслҳои имрӯзу фардо хоҳад буд ва туҳфаи Пешвои миллат дар ҳақиқат гавҳари маънавии ҳар як хонадон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамин иқдоми маънавӣ соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Сарпарасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин озмун бо ҳадафи арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси адабии ниёгон ва таҳкими ҳувияти миллӣ роҳандозӣ мегардад. Барои мукофотонидани ғолибони озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад