«Сомон Эйр» имконияти васеъ намудани парки ҳавопаймоҳоро бо ширкати амрикоии ACG баррасӣ намуд

Октябрь 29, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаҳои дурнамо оид ба зиёд намудани ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳисоби ҳавопаймоҳои замонавӣ дар шаҳри Душанбе зимни мулоқот бо намояндагони ширкати амрикоии «Aviation Capital Group» /ACG/, ки яке аз бузургтарин иҷорадиҳандагони ҳавопаймоҳои тиҷоратии ҷаҳон мебошад, баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» итттилоъ медиҳад.

Намояндаи ширкати амрикоии «Aviation Capital Group» фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро баланд арзёбӣ намуда, ба обрӯю эътимод ва рушди устувори он ишора намуд.

Музокирот дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ қадами муҳим буда, барои ҳамкории дарозмуҳлат дар самти навсозии парки ҳавопаймоӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад.

АКС: «Сомон Эйр»

Октябрь 29, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд