Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад

Октябрь 15, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҳамроҳ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 34 сол пур мешавад. Дар давраи аввал барои Тоҷикистон узвият дар Иттиҳод қадами муҳим дар ҳамгироии байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолият буд. Имрӯз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба яке аз абзорҳои асосӣ барои таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои иштирокдор дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ табдил ёфтааст. Чунин навиштааст дар мақолааш номзади илмҳои сиёсӣ, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухсора Расулзода доир ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳод ва натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар идома муаллиф чунин менигорад:

— Имрӯз Тоҷикистон аъзои 7 мақомоти оинномавии Иттиҳод буда, аз ҷумла дар шуроҳои сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, вазирон ва дар фаъолияти беш аз 80 сохтори соҳавии он фаъолона иштирок менамояд. Давлати мо тарафдори навсозии низомҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодӣ ва ба вуҷуд овардани заминаи устувори ҳуқуқии ҳамкорӣ мебошад.

Соҳаи амният яке аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳод мебошад. Тоҷикистон дар барномаҳои байнидавлатии мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ дар самти амнияти сарҳадӣ ва киберамният фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Давоми солҳои узвият Тоҷикистон худро ҷонибдори фаъоли таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа нишон дода, дар барномаҳои муштараки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои муосир иштирок менамояд. Душанбе борҳо ташаббускори муколамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуда, ҳамчун минбари вохӯриҳои муҳими байналмилалӣ хизмат намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва суботи кишварҳои аъзои Иттиҳод нақши калидӣ мебозад, зеро қитъаи дарозтарин ва мураккабтарин сарҳади ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – бо Афғонистонро (зиёда аз 1300 километр) посбонӣ мекунад. Ин сарҳад амалан сарҳади ҷанубии берунии тамоми Иттиҳод мебошад.

Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба рушди равобити тиҷоратӣ, логистикаи нақлиётӣ ва энергетикӣ бо кишварҳои аъзо манфиатдор буда, дар татбиқи лоиҳаҳо дар ин самтҳо фаъолона иштирок менамояд. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун платформа барои татбиқи созишномаҳои тиҷорати озод, созишномаҳои ҳамоҳангсозии сиёсати гумрукӣ ва дигар ташаббусҳои ҳамгироӣ хизмат мекунад.

Дар ин зимн, муҳоҷирати меҳнатӣ омили муҳими робитаи иқтисоди Тоҷикистон бо бозорҳои меҳнатии кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боқӣ мемонад.

Дар соҳаи башардӯстона, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, илм, фарҳанг, мубодилаи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Барномаҳои муштараки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил робитаҳои байни мардумонро таҳким бахшида, фазои умумии фарҳангиро ҳифз мекунанд. Тоҷикистон дар лоиҳаҳои башардӯстонаи Иттиҳод, аз ҷумла табодули донишҷӯён, барномаҳои илмию фарҳангӣ ва пешбурди фазои ягонаи таърихию фарҳангӣ фаъолона иштирок мекунад.

Маҳз дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли 2006 бо қарори дахлдори Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ таъсис ёфт.

Дар зимн бо қарори роҳбарони давлатҳо соли 2015 шаҳри Кӯлоб ва соли 2018 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳод эълон гардиданд, ки дар таҳкими иқтидори фарҳангӣ ва башардӯстонаи ин шаҳрҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, табодули эҷодӣ, аз ҷумла мусоидат ба беҳбуди инфрасохтор, ҳавасмандгардонии мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин дар доираи амали барномаи мазкур дар ин шаҳрҳо якчанд чорабиниҳои фарҳангиву башардӯстона, конфронсҳои илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд.

Пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваста дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла, 22 феврали соли 2008 дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳоди навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли адабиёт ва хониш якдилона қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки худи ҳамон сол бо пешниҳоди Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи таҷлили 1150-солагии Маликушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ, ки зери назари созмони ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ҷараён гирифт, Форуми сеюми зиёиёни олиму эҷодкори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронда шуд.

Тоҷикистон борҳо раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳидро бар уҳда дошта, дар беҳбуди фаъолияти ин созмон саҳми арзанда гузоштааст. Давоми раёсати худ Тоҷикистон масъалаҳои амнияти минтақавӣ, робитаи иқтисодӣ, рушди рақамӣ ва ояндаи устуворро пешбарӣ намудааст.

5 октябри соли 2007 ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёда аз 20 масъала, аз ҷумла Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи он ва масъала дар бораи пешниҳодҳо оид ба сиёсати мувофиқашудаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муҳоҷиратро дар бар гирифт. 17 масъалаи дигар бе муҳокимаи сарони давлатҳо ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо таъсис додани Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масоили вобаста ба ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар соҳаҳои амният ва мудофиа, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир ва ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳанӯз дорои имкону захираҳои фаровони истифоданашуда мебошад ва изҳори умеду боварӣ намуданд, ки санадҳои дар ин ҷамъомад қабулшаванда барои рушди минбаъдаи созмони мазкур ва ба талаботи замон мутобиқ намудани ҳадафу вазифаҳои он заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҷаласаи дигари Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар ҷаласа беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърузаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20-солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо», Созишнома дар бораи абадӣ гардондани хотираи мардонагӣ ва қаҳрамонии мардумони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, “Барномаи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014”, Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти неруҳои навбатдори мудофиаи зиддиҳавоӣ дар ҳолати ғасби нақлиёти ҳавоӣ, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ гардиданд.

28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бори сеюм ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

Дар интиҳои кори ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарорҳо оид ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади сулҳ, омодагӣ ба таҷлили 75 — солагии Ғалаба, Изҳороти сарони давлатҳои аъзлои Иттиҳоди Давлатҳои Мутттаҳид ба муносибати 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, соли 2021 татбиқ кардани Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони соли 2021 ҳамчун “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, “Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2019-2023”, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ворид кардани тағйирот ба Низомномаи Шурои вазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шурои вазирони мудофиаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Бозии ҷаҳонии кӯчнишинҳо, Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 90 — солагии Чингиз Айтматов қабул гардиданд.

Аз 1 январи соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардид.

Тоҷикистон давоми як сол ба ҳайси раиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳамкории зич бо кишварҳои аъзо ва Кумитаи иҷроия корҳои ҳамаҷонибаро барои татбиқи босамари ҳадафҳои нақшавӣ идома дод. Дар давраи раёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо чорабиниҳо дар сатҳҳо ва шаклҳои гуногун гузаронида шуданд. Таваҷҷуҳи афзалиятнок ба такмили фаъолияти Иттиҳод дода шуд. Корҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, рушди алоқаи нақлиётию логистикӣ ва мусоидат ба ҳамгироии рақамӣ идома ёфтанд. Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният, бахусус дар ҳалли хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳи мувофиқ дода шуд. Раёсати Тоҷикистон дар маҷмуъ барои ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод нигаронида шуда буд.

10 октябри соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Рӯзномаи ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои кӯшишҳои минбаъдаи муштарак дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҳкими ҳамкории сарҳадӣ, рушди ҳамкории ҳарбӣ ва мусоидат ба суботи энергетикиро дар бар гирифт. Изҳоротҳои қабулшуда уҳдадории муштаракро барои таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ инъикос мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “имрӯз мо ҳамчунин қарор дар бораи «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро имзо мекунем. Мо инро қадами муҳим дар роҳи тавсеаи ҳамкории байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешуморем”.

Аз тарафи роҳбарони давлатҳо ба тақвияти муколамаи фарҳангӣ ва ҳамкории башардӯстона ба ҳифз ва густариши мероси муштараки фарҳангӣ ва эҷоди фазои ҳамбастагӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев дар изҳороти матбуотӣ иброз намуд, ки ҷаласа воқеан ба фазои мусбат ва эътимод хос буд. Ин зимни муҳокимаи масъалаҳои муҳим дар доираи хос махсусан равшан зоҳир гардид. Ҳама сарони давлатҳо дар сухани ифтитоҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва сатҳи баланди омодагӣ ба тамоми чорабиниҳои дар Тоҷикистон баргузоршуда изҳори сипос карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо қарори якҷояи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми намоён дар роҳи муттаҳидсозии имкону захираҳои ҳамкории муштарак бо Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва соли 2025 бо Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона” сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 34 соли узвият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил худро ҳамчун шарики боэътимод муаррифӣ намуда, ба ҳусни тафоҳум ва ҳамкории мутақобили судманд байни кишварҳои Иттиҳод фаъолона мусоидат мекунад. Иштирок дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рукни муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва омили субот дар тамоми фазои пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

Давоми узвият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон нақши фаъоли худро дар сиёсат, иқтисод ва ҳамкории башардӯстонаи минтақавӣ тасдиқ намуд. Узвият дар ин Иттиҳод ба мамлакати мо имкон дод, ки суботи сиёсию иқтисодиро таҳким бахшад, дар лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак иштирок намояд ва робитаҳои фарҳангиву маърифатиро бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ нигоҳ дорад.

34 соли узвият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишон медиҳад, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъол, масъулиятнок ва муҳими равандҳои ҳамгироӣ буда, дар таҳкими субот ва ҳамкории байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»/Dushanbe-travel

Октябрь 15, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст
Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид: «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд»
Қоҳир Расулзода бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд
Холид Ал-Фолеҳ: «Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон беш аз 14 лоиҳаро тавассути Фонди саудии рушд амалӣ намудааст»
14 ОКТЯБР — РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар Тоҷикистон 110 номгӯй имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст
Намояндаи Тоҷикистон дар Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ иштирок намуд
Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
МАҲСУЛОТИ НОНӢ. Истеъмоли зиёди он сабаби пайдошавии бемориҳо мегардад
Сафири Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат дар Абу Забӣ иштирок намуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст
Сироҷиддини Муҳриддин: «Музокироти сарони кишварҳои ИДМ дар фазои созандаю самарабахш ва корӣ баргузор шуд»