Вазирони рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Русия амалисозии Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро зарур шумориданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия сол то сол то ба сатҳи стратегӣ рушд ёфтаанд. Натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ байни ду давлат такони иловагӣ мебахшад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо иҷрои дастуру супоришҳои дар музокироти сарони давлатҳо додашуда, масъалаҳои афзоиш додани содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва нассоҷиро муҳокима намуданд.
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар 8 моҳи соли равон тақрибан 1,5 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 фоиз афзудааст.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, андешидани тадбирҳои иловагиро барои амалисозии Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумориданд.
Максим Решетников изҳор дошт, ки Русия ҷонибдори густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон буда, вобаста ба афзоиши содироти молҳои Тоҷикистон ба Русия, бартараф намудани монеъаҳои мавҷуда, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, самаранок гардонидани механизми долони «сабз», инчунин таъсиси маркази логистикӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳафтаи оянда тавассути видеоконфронс иҷрои мувофиқаҳои бадастомадаро пайгирӣ намоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






