Замони баргузории бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 17-19 октябри соли 2025 дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар, ки дар 18 бозӣ 37 имтиёз гирифтааст, дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии даври 19-умро дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бояд дар майдони худ бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом медод, аммо ба далели омода шудани дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Конфедератсияи футболи Осиё -2025/26 дар гурӯҳи «D» бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ, ки 22 октябри соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, мавқуф гузошта шуд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 34 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ ҷойгир шудааст. Зинаи сеюмро дастаи Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе бо 32 имтиёз аз 18 бозӣ касб намудааст. Тими КМВА-и шаҳри Душанбе бозии даври 19-умро 19 октябр дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан баргузор мекунад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 32 имтиёз аз 18 бозӣ зинаи чаҳорумро ишғол кардааст. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври навбатӣ рӯзи якшанбе дар майдони худ бо дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор вориди рақобат мешавад.
Ба ин тартиб, дар даврҳои боқимонда мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот байни чаҳор дастаи пешқадам – «Вахш», «Истиқлол», КМВА ва «Равшан» шиддат мегирад.
Инчунин 17 октябр дар се бозии даври 19-ум дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи меҳмон — «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, 18 октябр дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи меҳмон – «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ — рақобат мекунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






