35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 4 километр роҳи деҳаи Меҳргони Шаҳринав мумфарш карда шуд

Ноябрь 30, 2025 14:00

ШАҲРИНАВ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 километр роҳҳои дохилии деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорон мумфарш  карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Раиси ноҳияи Шаҳринав  Абдуқодир Вализода  зимни иштирок дар корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Меҳргон иқдоми созандаи сокинону соҳибкорони деҳаро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонд.

Сокинони деҳаи Меҳргон сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирию ҷонибдорӣ намуда, бо азму иродаи қавӣ дар деҳа  се чоҳи амудӣ канданд. Ҳамзамон даҳҳо симчӯбҳои чӯбинро бар бетонӣ иваз ва кӯчаҳои деҳаро пурра чароғон намуданд. Чунин ташаббусҳои созанда дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳринав идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Ноябрь 30, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд