35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Роҳатию Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ вусъат меёбад

Ноябрь 30, 2025 12:00

РӮДАКӢ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Роҳатӣ ва Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд. Сокинони ду ҷамоат бо эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳамарӯза дар ҳашарҳои дастҷамъӣ иштирок карда, дар ободии диёри хеш саҳм мегузоранд.

Имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ сохтмони бинои нави маъмурии ҷамоати деҳот, иборат аз се ошёна ва таҳхона, бинои беморхонаи минтақавии Роҳатӣ, иборат аз се ошёна ва таҳхона, бинои Муассисаи томактабӣ барои зиёда аз 240 кӯдак, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №190 барои 800 хонанда дар ду баст, варзишгоҳи калон, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чароғонкунии роҳҳои ҷамоат тавассути чароғҳои обтобӣ, сафолакпӯшкунии пиёдаравҳо, осорхона ва китобхонаи минтақавии Мавлави Ҷунунӣ, Хонаи ҳунармандон, Мактаби касбомӯзии калонсолон, иборат аз се ошёна ва мумфаршнамоии роҳҳои маҳаллию гулгаштҳо ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар арафаи анҷом қарор дорад. Ҳамчунин дар деҳаи Мавлавии Ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон барои 100 кӯдак ва бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №198 барои 480 хонанда дар ду баст ба анҷом мерасанд.

Бояд гуфт, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ мушкилоти норасоии ҷойи нишасти хонандагон, набудани муассисаҳои томактабӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар мушкилии сокинон пурра бартараф мегарданд.

Бунёди ин иншоот бо ташаббуси раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба роҳ монда шуда, дар сохтмони онҳо саҳми соҳибкорони ватандӯст, сокинони деҳот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ калон аст.

Бунёди чунин муассисаҳои замонавӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Роҳатию Гулистон ба ҳусни ҷамоатҳо зебоӣ зам менамояд. Сокинони ҷамоатҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки бо ғамхории Сарвари давлат ва зери сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти бузург минтақаи Роҳатӣ ободу зебо гардида, дар он барои сокинон беҳтарин шароити зиндагӣ муҳайё мегардад.

Дар зер оид ба ободкориҳо дар ин ҷамоатҳо суратгузориш манзур карда мешавад.

 

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад