35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва дар ноҳияи Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он утоқҳои корӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошад. Бино бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дар он барои кормандон тамоми таҷҳизоти муосир муҳайё карда шудааст.
Дар ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон даромадгоҳ, қисми навбатдорӣ ва утоқҳои кории таъмирталаби бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ таъмири хушсифат карда шуд. Инчунин бинои иловагии дуошёна иборат аз 6 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгоҳ барои 90 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасони маишӣ, бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳою захираи маводи ғизоии хушк барои зимистонгузаронӣ ва анбори захираи сӯзишворӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Фароҳам овардани шароити моддию маишӣ барои кормандони милитсия идомаи тадбирҳои бунёдкорие аст, ки дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат татбиқ ва сабаби руҳбаландии ҳайати кормандон ва беҳдошти инфрасохтори маҳал мегардад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






