35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 29, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод Нишон ва Парчами давлатӣ бо гулгаши зебои қаҳрамонони Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, Дурбат, деҳоти Ҳисор ва Мирзо Турсунзода мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва қаннодӣ, дар деҳаҳои Ҷавонон ва Дурбат истгоҳ, дарвозаи даромадгоҳи деҳаҳо, чоҳи амудӣ, пули мошингузар, Маркази хизматрасонӣ иборат аз мағозаи молҳои мавриди ниёзи аввал, коргоҳи дӯзандагӣ, дӯкони сартарошӣ ва бунгоҳи дандонпизишкӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Ноябрь 29, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд