35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Муъминобод роҳҳо таъмиру навсозӣ мегарданд

Ноябрь 2, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 16 километр роҳҳои маҳаллӣ ҳамвор ва мумфарш гардонида шуданд. Дар назар аст, ки то соли 2026 24 километр роҳ пурра таъмиру навсозӣ гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд.

То имрӯз дар бештари ҷамоатҳои ноҳия роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, вазъи роҳу нақлиёт назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «роҳу пул бунёд намудан аз ҷумлаи амалҳои неку созанда ба шумор рафта, роҳҳои тибқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёдгардида даҳсолаҳо ба насли имрӯзу фардои миллат хизмат менамоянд».

Дар деҳоти Тутиён мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Инчунин роҳҳои деҳаи Ободон ва Кулдамон низ пурра мумфарш карда шудааст, ки имкони ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.

Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ҳама вақт эҳсос менамоянд. Онҳо барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда, дар ободу зебо намудани ҳар маҳалла ва деҳаю кӯча саҳм мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд