Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи Тимори Шарқӣ муайян гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати бозигаронро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи Тимори Шарқӣ, ки 18 ноябр дар Дарвини Австралия баргузор мешавад, эълон кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба рӯйхати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ворид шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Австралия сафар карда, дар онҷо барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодагӣ мебинад.
Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18 ноябр, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (11:30 ба вақти Душанбе) дар ҳудуди варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






