Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад

Ноябрь 27, 2025 13:46

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус 26 ноябр зимни вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Cафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймират Гочмирадов иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ барои таҳкими равобити иқтисодӣ, илмӣ ва техникии ду мамлакат заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меорад.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки ташаббусу роҳнамоии сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ва  ҳамкории дуҷониба дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва захираҳои об рушд менамояд.

Ҷонибҳо густариши бештари муносибатҳоро дар соҳаи электроэнергетика ва нафту газ мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 27, 2025 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд