Ҳамкории Тоҷикистон бо Финляндия дар самти таҳкими ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият меёбад

Ноябрь 27, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 ноябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои рушди ҳамкорӣ бо Финляндия дар самти таҳкими ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кӯдак бо масъулони вазорати маориф ва фарҳанг, агентии миллии таҳсилот, вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Анҷумани ҳуқуқи инсон, Маркази волоияти қонун, Маркази ҳуқуқи инсон ва Фонди «Абилис»-и ин кишвар мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор хабар доданд, зимни вохӯрӣ барои амалисозии барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, таҳкими иқтидори ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, роҳандозии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, хусусан ҳуқуқҳои кӯдак, рақамикунонии низоми ҳуқуқи инсон ва мутобиқати ниҳодҳои миллӣ ба «Принсипҳои Париж» табодули назар карда шуд.

Финляндия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаи хуб дошта, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи ҳуқуқи инсон, ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи маъбон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамчунин дар идомаи сафар дар назар аст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-28 ноябр дар ҷаласаи дуюми омбудсменҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба масъалаи мутобиқати ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба «Принсипҳои Париж» ва гирифтани мақоми «А» бахшида шудааст, иштирок ва оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон маъруза намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2025 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид