Байни соҳибкорони вилоятҳои Хатлон ва Ленинград шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 27, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленингради Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Шартномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Ленингради Федератсияи Русия бо мақсади ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зимни баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд.

Ин санад имкон медиҳад, ки бо вилояти Ленингради Федератсияи Русия дар соҳаҳои саноат, савдо, сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаи ҳамкорӣ, табодули таҷриба, технологияи коркард ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Ноябрь 27, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд