БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудирзоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ҷумҳурӣ ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида шуда, мамлакат ба «Кишвари сабз» табдил дода мешавад. Ин тадбири ҳукумати Тоҷикистон ба сарсабз нигоҳ доштани як гӯшаи сайёраи Замин дар шароити равандҳои тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
Дар Тоҷикистон дар се соли охир беш аз 10 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Зарифзода иброз намуд, дар доираи Нақшаи амали Барномаи мазкур дар ҳудуди Тоҷикистон бояд дар се соли охир беш аз 10 миллион бех ниҳол шинонида шавад.
Дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
Танҳо дар соли 2025 дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 3 миллион бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, дар асоси пешниҳоду хулосаҳои олимони соҳаи боғу токпарварӣ шинонида шудаанд. Аз рӯи нақша, аз ҳама беш дар вилояти Суғд, зиёда аз 700 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст.
Технологияи ниҳолшинониро бояд риоя намуд
Ҳар сол дар шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои мамлакат намудҳои зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида мешаванд, ки дар натиҷаи риоя накардани технологияҳои ниҳолшинонӣ миқдори зиёди онҳо намесабзанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз тарзи дарахтшинонӣ дар минтақаҳо интиқод карда, иброз намуданд, ки «бояд ҷой ва навъҳои дарахтро дуруст интихоб кард, то онҳо сабзанд».
Раванди тағйирёбии иқлим ба сабзиш ва наъшунамои ниҳолҳо таъсир расондааст
Фарҳод Зарифзода афзуд, ки раванди тағйирёбии иқлим ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар даҳсолаи охир ба сабзиш ва наъшунамои ниҳолҳо таъсири манфӣ расонидааст. Ин аст, ки бархе аз ниҳолҳои шинонидашуда, аз таъсири ҳавои аз меъёр гарм ва бепарвоии масъулини соҳа хушк гардидаанд.
Номбурда афзуд, ки тибқи «Барномаи давлатии кабудирзоркунӣ барои давраи то соли 2040» масъулин уҳдадор шудаанд, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо сабзишу нигоҳубини ниҳолҳоро таъмин намоянд. Инчунин доир ба тартиби дуруст шинонидани ниҳол пешгирии аз хушкшавӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.
Нимаи дуюми моҳи ноябр мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ шуруъ мегардад
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар Тоҷикистон дар ду мавсим- тирамоҳ ва баҳор ниҳол мешинонанд. Шинонидани ниҳол дар мавсими тирамоҳ вобаста аст ба вазъи боду ҳаво. Интизор меравад, ки соли равон дар мамлакат бо мусоид омадани боду ҳаво нимаи дуюми моҳи ноябр мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ шуруъ гардад.
Канори роҳҳои Тоҷикистон сабзазор мегарданд
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар канори роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон беш аз 6 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонида мешаванд.Дар маҷмӯъ, канори ҷодаҳои мамлакат сабзазор гардида, парвариши ниҳолҳои чормағз, писта, олу, бодом ва дигар зироати ҷангалии худрӯ ва бунёди ҷангалзор бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ дар назар аст.
Қитъаи заминҳо барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ васеъ карда мешавад
Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» қитъаи заминҳо барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар мамлакат васеъ гардонида мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар 50 гектар барои парвариши ниҳоли дарахтони гуногун ва гулу буттаҳо хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ таъсис дода шудаанд.
Самти Барнома ба ташаккули гуногунии биологӣ ва экологӣ ва ландшафтҳои табиӣ нигаронида шудааст
Ҳудуди минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда, хусусан ҳудуди заминҳои Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум», Боғи табиии Сари Хосор, Боғи таърихию табиии Ширкент ва Парки миллии Яғноб васеъ карда шуда, барқарор намудани ҷангалҳои табиии арча, тутзор ва чинор пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати иҷрои пурраи барнома барои ташаккули гуногунии биологӣ ва экологӣ, ландшафтҳои табиӣ, объектҳои нодири табиӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дарахтон ва буттазор заминро аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ медоранд
Афзун кардани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Махсусан, Тоҷикистон минтақае аст, ки ҳангоми кам гардидани дарахтон ва буттаҳо шусташавӣ ва лағжиши замин ба вуҷуд меояд. Дарахтон ва буттазор заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об ва дигар равандҳои табиӣ ҳифз намуда, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегардад.Аз ин рӯ, ҳар чӣ бештар бояд гулу бутта ва ниҳол шинонем, то дар татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ , тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва сарсабз гардонидани сайёраи Замин саҳми назаррас гузорем.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






