Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба қабули қатъномаи ЮНЕСКО «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабул гардидани қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Дар ҳамоиш олимон ва муҳаққиқон доир ба паҳлуҳои гуногуни Эъломияи Куруши Кабир ва нақши он дар замони муосир, инчунин саҳми Пешвои миллат дар роҳи муаррифии шоистаи арзишҳои таърихӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои арзишманди таърихии миллати тоҷик маҳсуб шуда, дар шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши бориз дорад. Дар заминаи ин санади таърихӣ-ҳуқуқӣ ҷомеаи башарӣ барои арҷ гузоштан ба адолат ва эҳтиром намудани ҳуқуқи инсон қадамҳои устувор гузоштааст.
Иброз шуд, ки 6 ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми ЮНЕСКО ин қатънома қабул шуд, ки ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, моҳияти рамзӣ дорад. Эъломияи Куруши Кабир на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои ҷомеаҳои дигар низ заминаи рушди қонунгузорӣ мегузорад. Имрӯз арзишмандии он бо дастгирӣ ва ташаббусҳои дурбинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба таври шоиста муаррифӣ ва эътироф мегардад.
Зимни мубоҳисаҳои илмӣ байни иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод карда шуд, ки омӯзгорон ва муҳаққиқони факултети ҳуқуқшиносии академия дар самти омӯзиши амиқи меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир таҳқиқоти бунёдии илмӣ анҷом дода, натиҷаи онро дар доираи монографияи дастҷамъонаи илмӣ пешниҳоди хонандагон гардонанд.
Қабули ин қатънома ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни тамаддунҳо, рушди муколамаи фарҳангҳо ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад






