Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» оғоз гардид

Ноябрь 11, 2025 11:21

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шарикони рушд сухан гуфтанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониториниги Макомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат гузаронида мешавад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» шарикони рушд, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарони минтақаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Эрон, Покистон, Чин, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Туркия, инчунин доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок доранд.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар ду панел — «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: имконияти рақамикунонӣ, шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили вилояти Хатлон ба маркази иқтисоди муосир» ва «Аз замин то бозор- рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» гузаронида мешавад. Дар онҳо механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилоят, саёҳати экотуризм ва маҳсулоти миллӣ, бренд ва рақамикунонии содирот, инфрасохтори логистикӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои нав, ҷалби занон ва ҷавонон ба занҷираи арзиши кишоварзӣ баррасӣ мегарданд.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории форуми байналмилалӣ байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» ҳамзамон бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии минтақаи Бохтар, Кӯлоб ва Норак шинос гардида, мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлонро тамошо менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 11, 2025 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад