Дар Бразилия барномаҳои Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муаррифӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Белеми Бразилия дар доираи конфронси 30-юми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30) дар мавзуи ҷалби маблағгузории иқлимӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ташаббуси Фонди Иқлими Сабз ва давлати Руанда чорабинии канорӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон доир ба таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ сухан гуфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ Вазири муҳити зисти Руанда, директори барномаҳои Фонди Иқлими Сабз барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои шарқӣ ва Ховари Миёна, роҳбарони дафтарҳои минтақавии Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (IFAD), Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), роҳбарон ва намояндагони институтҳои молиявӣ ва тиҷоратӣ аз қитъаи Африқо иштирок намуданд.
Намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати муҳокимаҳои панелӣ доир ба таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ, ҳадаф ва афзалият дар самти амалӣ намудани стратегия ва барномаҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бахусус дар самти кишоварзӣ сухан гуфт. Ӯ ҳамзамон созмонҳои молиявӣ ва фондҳои махсуси иқлимиро барои ҳамкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқшавии соҳаи кишоварзӣ ба пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим даъват кард.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






