Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Ноябрь 6, 2025 16:10

КӮЛОБ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсия таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -руйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқии мамлакат»,  «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории миллӣ» ва «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ» маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки қонуни асосӣ ва олии дилхоҳ давлат Конститутсия ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он дар тамоми қаламрави давлат мустақиман амал мекунанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди давлати тоҷикон дар таърихи навин ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишоф ва муаррифии ҷумҳурии мо ба оламиён мебошад.

«Ҳар сол 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рӯзҳои фараҳбахшу пурифтихори миллӣ бо эҳтирому шукӯҳ таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва пояи устувори давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёри тоҷикон дониста мешавад»,-иброз гардид дар конференсия.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ноябрь 6, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд