Дар Душанбе фаъолияти лоиҳаҳои амалии GIZ дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Директори генералии Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) оид ба кишварҳои Аврупо, Баҳри Миёназамин ва Осиёи Марказӣ Карстен Шмитс-Ҳоффманн баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо фаъолияти лоиҳаҳои амалии GIZ дар бахши иқтисодро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва фаъолияти лоиҳаҳои амалии GIZ дар бахшҳои кишоварзӣ, энергетика, муҳити зист ва рушди мутахассисонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо бо таъкиди аҳаммияти идомаи ҳамкорӣ ва густариши самтҳои нав ҷонибдори иҷрои босамари барномаҳои мавҷуда ва дарёфти имконоти нави ҳамкории техникӣ гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






