Дар Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор гардид

Ноябрь 29, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Баргузор намудани фестивал дар даврони соҳибистиқлолӣ падидаи нав буда, барои густариш додани картошкапарварӣ, амалӣ намудани усули нави истеҳсолот ва ба роҳ мондани тарзу таҷрибаи муосир дар истеҳсоли ин зироати серғизо равона шудааст. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки картошка бо сифати баланд ба мардум пешниҳод карда шавад. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода имрӯз зимни ифтитоҳи Фестивали намоиш-фурӯши картошка баён намуд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони мамлакат навъҳои ин маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварданд. Инчунин аз ҷониби масъулони Вазорати кишоварзӣ хони бо таомҳои картошка ороста пешниҳод карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки то моҳи ноябр дар Тоҷикистон 1 миллиону 263 ҳазору 242 тонна картошка истеҳсол гардидааст. Соли 2020 1 миллион тонна картошка истеҳсол гардида буд, ки ин рақам  соли 2021 ба 1 миллиону 20 ҳазор тонна расид.

Ба иттилои мутахассисон, меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кг аст. Тибқи таҳлилҳо дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.

Картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Тавре доктори илмҳои кишоварзии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев иброз намуд, имрӯз дар дунё қариб 3 ҳазор намуди картошка парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон 15 намуди картошка маъмул аст. Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш карда мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза менамояд. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуд ҳастанд, ба нест намудани радикалҳои озод мусоидат менамоянд, ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонанд ва пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд