Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид

Ноябрь 4, 2025 10:28

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун ба кори худ оғоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он.

Дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, вазоратҳои адлияи давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, доир ба муайян кардани  мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Форум бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳияи тавсияҳои мушаххас ва таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва  баробарии шаҳрвандон дар назди қонун доир гардид.

Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни он масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам муҳокима гардиданд. Инчунин пас аз анҷоми он натиҷаи муҳокимарониҳо ва тавсияҳои Форум қабул гардида, ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда мешаванд.

«Конститутсия дар баробари танзими масъалаҳои муҳимми давлатӣ, барои ташаккул, рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ замина гузошта, ба таҳкими сиёсати ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқ эҷодкунӣ бо дар назар доштани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқ бунёд ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд»,- таъкид гардид дар ҷараёни Форум.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 4, 2025 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад