Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун ба кори худ оғоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он.
Дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, вазоратҳои адлияи давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, доир ба муайян кардани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Форум бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳияи тавсияҳои мушаххас ва таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун доир гардид.
Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни он масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам муҳокима гардиданд. Инчунин пас аз анҷоми он натиҷаи муҳокимарониҳо ва тавсияҳои Форум қабул гардида, ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда мешаванд.
«Конститутсия дар баробари танзими масъалаҳои муҳимми давлатӣ, барои ташаккул, рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ замина гузошта, ба таҳкими сиёсати ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқ эҷодкунӣ бо дар назар доштани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқ бунёд ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд»,- таъкид гардид дар ҷараёни Форум.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






