Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» дар доираи омодагӣ ба 30-юмин Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар муколамма намояндагони баландпояи ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон барои таҳияи мавқеи умумии минтақа ҷамъ омаданд.
Бояд гуфт, ки 30-юмин Конфронси тарафҳо дар шаҳри Белеми Бразилия баргузор мегардад. Конфронси мазкур як нуқтаи муҳим дар амалиёти глобалии мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад, ки диққати худро аз банақшагирӣ ба татбиқ мегузаронад.
Таваҷҷуҳи саммит ба роҳ мондани нақшаи панҷсолаи барномаи глобалии амал дар асоси натиҷаҳои арзёбии якуми ҷаҳонӣ равона карда мешавад. Барои Осиёи Марказӣ ин маънои онро дорад, ки аз уҳдадориҳо ба амалҳои мушаххас оид ба саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0), мутобиқшавӣ ва устуворӣ бароянд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода дар конфронс афзуд, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи минтақавӣ мо метавонем мушкилоти фаромарзӣ, аз қабили обшавии пиряхҳоро самаранок ҳал намоем ва маблағгузории заруриро барои рушди сабз ҷалб созем.
АКС:Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






