Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе системаи таваққуфгоҳи автоматӣ ба роҳ монда шуд

Ноябрь 27, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон ва ронандагон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе системаи таваққуфгоҳи автоматӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.

Ин иқдом бо мақсади пешкаш намудани хизматрасонии муосир ба меҳмонон ва сайёҳони пойтахт, пешгирии фаъолияти таксиҳои ғайрирасмӣ, иҷрои талаботи  Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) оид ба бехатарии амнияти авиатсионӣ дар фурудгоҳ ва бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ гардид.

Системаи таваққуфгоҳи автоматӣ бо мақсади танзими низоми идоракунии автоматии вуруд ба фурудгоҳ амалӣ карда мешавад.

АКС: Маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

 

Ноябрь 27, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд