Дар Ироқ масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту бехатарӣ баррасӣ шуд

Ноябрь 10, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим Ал-Аърачи, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба шаҳри Бағдоди Ироқ сафар намуданд.

Дар доираи ин сафар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Ироқ Абдул Латиф Рашид бо Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Ироқро дар самтҳои сиёсӣ ва амниятию ҳуқуқӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин зимни мулоқоти Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим Ал-Аърачи масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва маблағгузории он, пешгирӣ аз амалҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар самтҳои амниятӣ низ муҳокима гардид.

Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вазъи маҳкумшудагон- шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ, интиқоли маҳкумшудагон ва дигар мавзуъҳо баррасӣ шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд