Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Саҳир Шамшод Мирзо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо хушнудӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкории минбаъдаро дар асоси ин сиёсат нек арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро баррасӣ намуда, дар шароити вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстиву бародариро муҳим арзёбӣ карданд.
Баргузории машқҳои муштарак дар ҳарду мамлакат, табодули таҷрибаи якдигар ва ба омӯзиш фаро гирифтани хизматчиёни низомӣ аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буд.
Ёдовар мешавем, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ қарор дорад.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






