Дар Истаравшан 28 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Ноябрь 19, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан     28 иншооти таъйиноти гуногун бо 250 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан   иттилоъ доданд.

Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Маркази савдо ва хизматрасонии «Сафарбобо» дар 200 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, қассобхона ва нонвойхона иборат аст.

Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан маркази савдои «Мустафо» мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншоот барои фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, сантехникӣ ва барқӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он 6 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардид.

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан якчанд иншооти соҳаи варзиш ба истифода дода шуданд. Дар деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан толори варзишӣ ифтитоҳ гардид.

Инчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд, ки он бо дастгирии кумитаи падару модарон ва аҳолии деҳа бо харҷи беш аз 459 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 низ майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид. Он аз 900 метри мураббаъ иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони деҳа бо харҷи зиёда аз 110 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинон дар деҳаи Боботағои шаҳри Истаравшан низ майдончаи варзишӣ-фароғатӣ бо харҷи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаҳои Пошкент ва Сепулаи шаҳри Истаравшан бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шудаанд.

Бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Пошкент солҳои тӯлонӣ таъмирталаб буда, соли равон аз тарафи ҳаммаблағгузор- Иттиҳоди Аврупо бо ҳамкории Олмон бо харҷи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ дар масоҳати зиёда аз 240 метри мураббаъ таъмири куллӣ карда шуда, бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардид. Дар муассисаи мазкур 6 корманди хурди тиб ба 4512 нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Барои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тарафи сокинон бунгоҳи тиббии деҳаи Сепула, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, навсозӣ карда шуд.

Бино дар масоҳати 187,5 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз 6 ҳуҷра иборат аст. Дар он 5 корманди миёнаи тиб ба 3205 нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  

 

Ноябрь 19, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд