Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати масъулин, мураббиён ва варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иштирок дар шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар менамоянд, вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 134 нафар намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш мебошанд.
Мадина Қурбонзода – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё байни занон аз риштаи гӯштини ҷудо ва Эмомалӣ Нуралӣ – ноибқаҳрамони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон ҳамчун парчамбардорони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими кушодашавии шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ интихоб шудаанд.
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар соли 2025 аз 7 то 21 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ маротибаи дуюм аст, ки мизбонии ин мусобиқаи сатҳи баландро бар уҳда мегирад. Дар мусобиқа варзишгарони 57 давлат аз рӯи 19 намуди варзиш иштирок мекунанд.
Дар охирин Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони тоҷик ба гирифтани 3 медали нуқра ва 5 нишони биринҷӣ мушарраф гардида буданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






