Дар ноҳияи Рашт кӯпруки мошингард ба истифода дода шуд

Ноябрь 9, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кӯпруки мошингузари болои дарёи Кафтархона, воқеъ дар ноҳияи Рашт баъди таҷдид мавриди истифода қарор дода шуд. Дарозии пул 20 метр ва паҳноиаш 4 метр буда, минбаъд нақлиёти боркашонӣ аз он бемонеа ҳаракат менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Кӯпруки мошингузар дар масири роҳи мошингарди Рашт-Кафтархона ҷойгир буда, соли равон бар асари баланд шудани маҷрои дарё пурра хароб гардида буд.

Маъмурияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Камароб» бо истифода аз маблағҳои худӣ ин пули мошингузарро дар муҳлати кутоҳ аз нав бунёд намуда, мавриди истифода қарор доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

 

Ноябрь 9, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд