Дар Новгород бо иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии Новгород ба номи Ярослав Мудрий вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои марбут ба таҳсили ҳамватанон, риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ ва эҳтироми фарҳанги кишвари иқомат, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон дар кишвар манъшуда ва дигар мушкилоти донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин таъкид шуд, ки масъалаи рушди ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо бояд дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд.
Иброз гардид, ки донишҷӯён бо иродаи устувор, дониши мукаммал, одобу ахлоқи ҳамида аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва равияҳои динии бегона худдорӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид






