Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад

Ноябрь 4, 2025 16:33

 ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар мавзуи «Саҳми Абӯалӣ  ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» Симпозиуми байналмилалӣ оғоз гардид. Кори симпозиум дар дигар бахшҳо идома дорад.

 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Ибни Сино аз зумраи он мутафаккиронест, ки доир ба ҳаёт ва осораш муҳаққиқони зиёде дар гузашта ва имрӯз сухан гуфтаанд.

Аз кулли осори Ибни Сино 11 асар ба соҳаи табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Муҳимтарин асари Ибни Сино «Қонуни тиб», ки аз 5  ҷилд иборат аст, аз серхонандатарин асарҳои ӯ дар гузашта ва даврони муосир ба ҳисоб рафта, ба аксари забонҳои Аврупо тарҷума шудааст.  Дар «Қонуни тиб» Ибни Сино назарияи умумии тиб, анатомия, физиология, ҷарроҳӣ, ташхис, тарзи табобат, маводи доруворӣ ва пешгирии бемориҳои гуногунро шарҳу тафсир дода, бемориҳои зудпаҳншаванда ва музминро баррасӣ намудааст.

Таъкид шуд, ки саҳми Ибни Сино дар рушду такомули илми ботаника низ хеле бузург аст. Ба ин соҳаи илм ӯ «Китоби набот»-ро бахшидааст. Дар «Китоб- ун- набот» беш аз 500 номгӯйи растаниҳои шифобахшро меоварад, ки дар тибби қаблӣ ва муосираш мавриди истифода қарор дошта, як иддаи онҳоро барои таҳқиқ дар оянда пешгӯӣ намудааст.

Тазаккур дода шуд, ки бузургтарин дастоварди мутафаккир дар он аст, ки ӯ бар хилофи алкимёгарон ё алхимикҳои замони худ, аввалин шуда усули дурусти гузаронидани реаксияҳои кимиёвӣ ва таҳқиқотро бо истифода аз доруҳои гуногуни кимиёвӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нишон дод.

Дар идома Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон саҳми Ибни Синоро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳон, рушду тақвияти илми тиб, фалсафа ва мантиқ беназиру нодир арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Абӯалӣ ибни Сино, ки дар мамлакатҳои ғарбӣ бо номи Авитсенна машҳур аст, на танҳо ҳамчун файласуфи ақлгаро, балки ба ҳайси табиби ҳозиқ, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.

Маҳз ҳамин хизматҳои беназири ӯро барои инсоният ба эътибор гирифта, дар назди бинои ЮНЕСКО дар қатори Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Умари Хайём ҳайкали Ибни Синоро гузоштаанд. Илова бар ин, ЮНЕСКО аз соли 2003 дар ду сол як маротиба ба олимон мукофоти ба номи Ибни Синоро дар соҳаи этикаи илм месупорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2025 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад