Дар Шуғнон бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯрӣ доир гардид

Ноябрь 3, 2025 14:54

ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон, Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои дахлдор бо усули «мактаб ба мактаб» бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки фардои дурахшони Тоҷикистон маҳз аз сатҳи саводнокӣ ва маърифати баланди аҳли ҷомеа ва пешрафти илму техника вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.

«Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона карда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд»,- таъкид гардид дар вохӯрӣ.

Намояндагони мақомоти давлатӣ ҳамчунин ба иштирокдорони ҳамоиш моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

Масъулин ҳамзамон оид ба пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, шомилшавӣ онҳо ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон дар кишвар манъшуда, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзонидани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ, гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои тозакориву ободонӣ изҳори андеша намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

 

Ноябрь 3, 2025 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид