Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст

Ноябрь 4, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст.  Имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва се стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ баён намуданд.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки рифоҳи иҷтимоӣ заминаи муҳими таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад. Вобаста ба ин,  қабул  ва татбиқи «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» идомаи талошҳои ҷумҳурии мо дар ин ҷода мебошад.

Ин санад, ҳамчун яке аз омилҳои калидии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат равона гардидааст.

Таъкид гардид, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2026-2030» қабул мегардад.

«Ин санад марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 фаро гирифта, аҳдофи он бо Ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг мебошанд»,- иброз намуданд Президенти Тоҷикистон.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд