Дар вилояти Суғд 12 000 иншоот пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд

Ноябрь 17, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд 12 ҳазор иншоот бунёд ва нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  то моҳи сентябри соли 2026 дар 18 шаҳру ноҳия 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар идомаи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба бунёди мактабу кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи бештар равона карда шудааст. Зеро рушди бонизоми соҳаи маориф, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои илмомӯзии наврасону ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмони 60 кӯдакистон ва 73 мактаб амалӣ гардида, имрӯзҳо бунёди биною синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Бинои мактабу кӯдакистонҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, саҳми шарикони рушд ва соҳибкорону шахсони саховатпеша сохта мешаванд. Баъди ба истифода додан мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ аз байн рафта, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳам бештар мегардад.

    АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд 

Ноябрь 17, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд