Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Ноябрь 1, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 31 октябр зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» хусусиятҳои фарқкунанда дошта, дар он як қатор муқаррароти нав ва тағйирот пешбинӣ карда шудааст.

Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29, 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Чунин хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нишона аз таваҷҷуҳи баланди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49 миллиарду 500 миллион сомонӣ тасдиқ шуда буд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд