ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли равон дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи кори мизи мудаввар байни ширкатҳои амрикоӣ ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Амрико як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, сармоягузорӣ, мубодилаи технологияҳо ва дигар бахшҳои иқтисод ба имзо расид. Аз ҷумла, байни ширкати ватании «Сомон Эйр» ва ширкати амрикоии «Боинг» шартномаи дарозмуҳлат оид ба хариди 14 ҳавопаймои муосир ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин нақшаи парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Амрико муҳокима гардид, ки иқтидор ва ҷуғрофияи парвозҳои ширкати ватаниро васеъ мекунад. Чунин омадааст дар мақолаи коршинос- ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Юсуф Раҳмон, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.
— Стратегияи давлатии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз барномаҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, кишварро ба самти рушд ва алоқамандии онро бо минтақа ва ҷаҳон таҳким мебахшад.Дар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аҳамияти стратегӣ доранд, дар давраи дарозмуддат нигаҳ доштан ва инкишоф додани шабакаи фурудгоҳҳои миллӣ, авиатсияи хурду миёна барои таъмин намудани дастрасии сокинони минтақаҳои кишвар ба нақлиёти ҳавоӣ вазифагузорӣ шудааст.
Истифодаи имконияту шароити мавҷудаи таъмини рушди иқтисоди транзитӣ манбаи рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва некуаҳволии сокинони он мебошад.
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба сифати яке аз таҳдидҳои асосӣ дар роҳи рушди мамлакат чунин дарҷ шудааст: «Дурдастии ҷуғрофӣ аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯш ба рушд наёфтани коммуникатсияи нақлиётӣ дар самти бозорҳо мушкил меорад ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро маҳдуд месозад. Дар ҳоли ҳозир зарурати воридсозии тағйироти калон дар консепсияи иқтисодии фаъолияти намудҳои нақлиёт дар асоси аломатҳои бозаргонии талаботи пардохтпазир ба вуҷуд меояд».
Бартараф намудани ин мушкилот, ба назари мутахассисон, барои кишваре, ки қисми зиёди ҳудудаш кӯҳсор аст, зарурати таъмини рушди ҳавонавардиро тақозо менамояд. Дар ҳалли мушкилот ё муаммои дурдастии ҷуғрофии мамлакат аз баҳр ва бозорҳои бузурги харидуфурӯши ҷаҳонӣ нақлиёти ҳавоӣ нақши ниҳоят муҳим дорад-зеро масофаи миёнаи кашонидани 1 тонна бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ байни дигар намуди нақлиёт бамаротиб баланд ва босамартар аст. Бинобар ин, дар марҳилаи нави рушди мамлакат таваҷҷуҳ ба таъмини рушди нақлиёти ҳавоӣ ва амнияти иқтисодии соҳа мубрамият пайдо мекунад.
Бубинед, шароити хоси иқлиму табиати кишвар-кӯҳсор будани қисмати зиёди он, душворгузар будани роҳҳои кӯҳӣ аз сабаби пайваста такроршавии заминларза ва офатҳои табиӣ (фаромадани ярч, тарма, сангрезиш ва амсоли ин), аз ҷиҳати ҳудудӣ монанд набудани шароити минтақаҳои Тоҷикистон, зарурати ҳалли вазифаҳои давлат дар самти таъмини табдили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва амнияти иқтисодиву иҷтимоии он рушди комплекси авиатсиониро ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил додаанд, ки иқдоми дуруст ва амри зарурист.
Ҳамзамон, дурнамои рушди минтақаҳои душворгузар рушди комплекси авиатсиониро ҳамчун омили муҳимми рушди минтақаҳои дурдасти кишвар пешбинӣ мекунад.
Дар замони ҳозира, нигоҳ накарда ба мушкилоти мавҷуда, наметавон аз имкониятҳои ҷиддии рушди соҳа сарфи назар кард, зеро комплекси авиатсионӣ барои давлат, бидуни ягон шакку шубҳа, аҳаммияти стратегӣ дошта, дар мавриди такмили механизми идоракунӣ ниҳодро аз вазъи ногувори тӯлкашида раҳо карда, рушди бахшҳои мухталифи онро таъмин кардан имконпазир аст.
Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 баён гардидааст «ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст». Аз ин хотир, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо низ аз вазифаҳои муҳим ва нахустдараҷа маҳсуб мегардад.
Имрӯз ташаккулу рушд ва таҳкимбахшии мудирияти комплекси авиатсионии Тоҷикистони муосир мутобиқ ба тамоюли ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст. Ин ҷо боз рӯй ба таърих овардан зарур аст: таъсисёбии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз соли 1930 оғоз мегардад — моҳи майи ҳамон сол ду ҳавопаймои Юнкерс 13 бо экипажҳои худ ба пойгоҳи доимӣ ба Тоҷикистон ворид шуданд. Батадриҷ, аз маркази ҷумҳурӣ-шаҳри Сталинобод ба шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, минтақаҳои Ғарм, Данғара ва Панҷ ва амсоли ин парвозҳои доимӣ амалӣ мегаштанд.
Мудирият ва нақши комплекси авиатсионӣ бо суръати баланди кашонидани мусофиру бор аз дигар намудҳои нақлиёти кишвар фарқ мекард. Ҳамин тариқ, соли 2004 ширкати давлатии авиатсионии «Тоҷикистон» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикистон» ва соли 2006 он ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» табдил дода шуд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 Корхонаи воҳиди давлатии авиатсионии «Тоҷик Эйр» ба 5 корхонаи мустақили зерин-Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Аэронавигсияи Тоҷикистон» тақсимбандӣ шуда, ба фаъолият оғоз карданд.
Ҳамин тавр, идораи ҳавонавардии Тоҷикистон дар ихтиёри худ қариб 9480 километр роҳҳои авиатсионӣ дошта, то соли 2008 дар ҷумҳурӣ 16 фурудгоҳ мавҷуд буд, ки фақат 4-тои онҳо ба қатори фурудгоҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва 12 фурудгоҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта дохил мешуданд. Афзоиши шумораи парвозҳо дар як шабонарӯз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон фақат дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд мушоҳида мешуд.
Бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт як қатор корҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи байналмилалӣ ба анҷом расонида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба таври зарурӣ таҳия ва татбиқ карда шуданд. Раёсати авиатсияи граждании назди Вазорати нақлиёт бо роҳи муттаҳид кардани ин ду шуъба сохторҳои нав таҳия намуда, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод.
Аз соли 2019 фаъолияти ширкати ҶСК «Тоҷик Эйр» ба далели мавқеъ дар назди дигар корхонаҳои авиатсионӣ коҳиш дода шуда, роҳбарияти ширкат барномаҳои навро ба нақша гирифт. Дар ин зимн, ширкат барномаи солимгардонии ҳавопаймоҳои модерн ба нақша гирифта, барои дастрасии ҳавопаймоҳои нав дар фурсати кӯтоҳ пайваста талош мекунад.
Вобаста ба масъалагузориҳои ҷиддии муосири соҳа, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ташкил ёфта, мусофиркашонӣ, боркашонӣ ва интиқоли почтаро амалӣ мегардонад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» маркази таълимии авиатсионии худро барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун таъсис дода, расман ба интерлайн-созишномаи бисёрҷонибаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба ҳамлу нақли борҳо, ки дар асоси дастуру қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад, шомил гардид.
22 майи соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон шуруъ намуда, тибқи сиёсати стратегии худ ҳудуди ҷуғрофии парвозҳои худро батадриҷ васеъ гардонида, ба самтҳои гуногуни Русия, Олмон, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб парвозҳои мунтазамро тавассути тайёраҳои нави ҳавопаймоии навъи Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегардонад. Аз ҷониби ширкат дар ин самти васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо барномаи мукаммал амалӣ мегардад ва бо шарикони хориҷӣ ҳамкориҳои самаранок ба роҳ монда шудаанд.
Бояд гуфт, ки мувофиқи Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи авиатсияи гражданӣ ба чанд зерсоҳа ва ё ширкатҳои мустақил тақсим шуда, фаъолияти худро пеш мебарад.
Фурудгоҳҳои байналмилалӣ, инчунин, дар пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон нақши муҳим мебозанд. Фаъолияти фурудгоҳҳоро мебоист дар ду ҷабҳаи баҳодиҳӣ, яъне ҳамлу нақли мусофирон ва кашонидани борҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дод.
Аҳамияти иқтисодии низоми нақлиёт дар ҳаёти ҷомеа таъмини рушд, робита ва ҳамоҳангсозии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт буда, рушди нақлиёт яке аз вазифаҳои стратегии дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайянгардида мебошад.
Мавқеи стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ маънои онро дорад, ки ҷумҳурӣ имконияти ташкили як маркази логистикии авиатсиониро барои ҳамлу нақли мусофирон ва боркашонӣ дошта, он аз нуқтаи назари низоми нақлиёти миллӣ ва байналмилалӣ ҳамчун заминаи рушди иқтидори иқтисодӣ маҳсуб мегардад. Таҳлили мунтазами мушкилоти идоракунии тайёр кардани кадрҳои дорои маълумоти касбӣ ва олии соҳаи комплекси авиатсионӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои асосии баланд бардоштани сатҳи низоми кадрҳо чунинанд:
-Баҳисобгирии равишҳои инноватсионӣ ва оптимизатсия, ки ба талаботи пешрафта оид ба самаранокӣ, сифат ва эътимоднокии фаъолият ва рушди комплекси авиатсионӣ дар захираҳои таълимӣ нигаронида шудаанд;
-Таъмини мувофиқати ҳаҷми низоми тайёр кардани кадрҳо ва эҳтиёҷоти корхонаҳои авиатсионӣ;
-Ноил шудан ба пайвасти максималии хусусиятҳои салоҳияти стандартҳои касбӣ ва таълимӣ.
Ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд таҷҳизоти навигатсионӣ ва дигар воситаҳои асосӣ харидорӣ ва ба ислоҳсозӣ фаро гирифта шуда, дар ҷойҳои зарурӣ васлу насб гардиданд, ки бевосита ба таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳо дар ҳудуди Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Рушди иқтисоди транзитӣ пайваста бо тавсеаи тиҷорати байналмилалӣ, афзудани ҳаракати ҷаҳонии ҳаҷм ва навъҳои молҳои истеъмолӣ, инчунин, тақсимоти байналмилалии меҳнат, ҷудошавии ҷуѓрофии макони истеҳсол ва истеъмоли мол, мавҷудияти воситаҳои нақлиёт ки имкони васеи гардиши ҳаҷми зиёди молҳои гуногунро ба масофаҳои дур таъмин мекунанд, сурат мегирад ва мо бояд на танҳо аз ин раванд дар канор набошем, балки ҳамчун як иштирокчии фаъоли ин раванд баромад кунем ва барои ин заминаҳои зарурӣ мавҷуд ҳастанд.
Дар тақвияти гуфтаҳо, тавсия ва корҳои зерин баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондан сифатнокии мудирияти идораи ҳавонавардии кишвар кумак намуда, сифати хидматрасониҳоро боло хоҳанд бурд: беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳо бо нархномаҳои дастрас барои ширкатҳои авиатсионии ватанӣ аз ҷониби ниҳоди соҳа, зиёд намудани теъдоди парвозҳои транзитӣ, ташкил намудани «ҳаб» (hub-нуқтаи марказӣ барои интиқоли мусофирон ва бор миёни парвозҳо)-ҳои ҳавоии транзитӣ ё маркази хидматрасонии мусофирбарӣ, ки вазифаҳои азнавтақсимкунии ҷараёни мусофиронро байни намудҳои нақлиёт ва самтҳои ҳаракат таъмин менамояд ва дар анҷом, фароҳам овардани шароити мусоиди рақобатпазири солим барои ширкатҳои ватанӣ.
Албатта, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар даврони 34 соли истиқлол вазъ ва мудирияти комплекси авиатсиониии мамлакат хеле рушд ёфта, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат ва тамоми шароит барои пешбурди корҳои босифат роҳандозӣ карда шудааст, вале дар ин самт ҳоло зарфиятҳои истифоданашуда ҳастанд, ки бояд мавриди амал қарор бигиранд.
Дар мавриди иҷрои шартҳои мавҷуда дар мукаммалсозии фаъолияти соҳа, Тоҷикистон, такя ба мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва аҳамияти стратегии худ, метавонад ба кишвари авиатсионии транзитии муҳим дар минтақаи паҳновари Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, ҳамчунин кишварҳои Осиёи Шарқӣ гардад, ки барои рушди босуръати кишвар заминаи қавӣ мегузорад. Яъне, метавон гуфт, дар ин маврид фазои тоҷикро ояндаи дурахшон интизор аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Ёвон парвариши лимӯ ва апелсин бо риояи талаботи зарурии агротехникӣ ба роҳ монда шудааст
Раёсати дар Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Тоҷикистон 9 терминал ва маркази логистикиро ба рӯйхати «бандарҳои хушк»-и ЭСКАТО пешниҳод намуд
ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ба рушди ин соҳа вобаста аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ». Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст
Маликшо Неъматзода: «Парчами давлатӣ дар таҷассуми ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳимояи марзу бум мавқеи барҷаста дорад»
Дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор мегардад
Раванди иҷро ва мушкилоти рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо баррасӣ гардид
ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
Байни Тоҷикистон ва Корея оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Доир ба муаррифӣ ва баррасии имконоти сармоягузории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






