Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ (11:30 бо вақти Душанбе) бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон оид ба футбол дар Варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Горан Стеванович, мутахассиси сербиягӣ дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ба хабарнигорон гуфт, ки «рақибро хуб мешиносем. Ин даста дар меҳмонӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Филиппин тақрибан бозии баробар дошт, ҳатто як муддат пеш ҳам буд. Дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ чанд бозингари сареъ дорад. Мо ҳарифи худро ҷиддӣ мегирем ва ба бозии пеши рӯ омода мешавем. Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем ва бо дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ танҳо барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард».
Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «I» дастаи мунтахаби Молдив дар майдони худ бо дастаи мунтахаби Филиппин вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, соати 15:30 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 10-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Филиппин дар ҷойи аввал ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва дастаи мунтахаби Молдив бе имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15 январ то 8 феврали соли 2027 дар Ҷумҳурии Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






