«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025». Имконоту иқтидори иқтисодию сармоягузории калонтарин минтақаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Ноябрь 11, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 50 ширкат муваффақона фаъолият намуда, маҳсулоти босифату рақобатпазирро дар дохил ва хориҷи мамлакат ба фурӯш мебароранд. Ин нукта дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, иброз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Ба иштирокдорони форум нахуст филми кӯтоҳи мустанад доир ба имконияти сармоягузории вилояти Хатлон намоиш дода шуд.

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва имрӯзҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар мамлакат зиёда аз 240 имтиёзу сабукиҳо, аз ҷумла 110 имтиёзи андозию гумрукӣ ва сармоягузорӣ амал мекунанд. Инчунин барои интиқоли даромади бадастомадаи сармоягузорон бо асъори хориҷӣ монеае вуҷуд надорад.

Ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилояи Хатлон, инчунин тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд аз ҳадафҳои Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2025» маҳсуб мешавад. Дар форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии минтақаҳои беш аз 20 кишвар, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуда, намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлонро тамошо карданд.Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба иқтидори сармоягузории вилояти Хатлон сухан намуда, иброз дошт, ки «форум минбари муҳими муколамаи созанда, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мебошад».

Гуфта шуд, ки рушди устувори иқтисодиёт бе ҳамкории байнидавлатӣ, равобити эътимодноки бахши давлатӣ ва хусусӣ имконнопазир аст. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахши хусусиро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии худ қарор додааст. Дар мамлакат «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» ва «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037» қабул гардидааст, ки ба рушду пешрафти иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд. Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи ҷумҳурӣ буда, қариб 4 миллион, яъне 40 фоизи аҳолии мамлакат дар он кору зиндагӣ мекунанд ва 60 фоизи он аҳолии қобили меҳнат ва соҳибтахассус мебошад. Ин неруи инсонӣ бузургтарин сармоя барои рушд ба шумор меравад.

Вилояти Хатлон дорои инфрасохтори ҳамлу нақли бор ва мусофирон буда, дар ҳудуди вилоят ду фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мавҷуд мебошанд, ки дар пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ нақши бунёдӣ доранд. Вилояти Хатлон бо масоҳати 24,7 ҳазор км мураббаъ ва иқлими мусоид яке аз минтақаҳои асосии кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз вилоят зиёда аз 60 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакатро таъмин мекунад. Масоҳати заминҳои обёришаванда дар вилоят 338 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ба 45 фоизи тамоми заминҳои обии ҷумҳурӣ баробар аст. Вилояти Хатлон ҳамеша бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳои болаззат ва полезиҳои дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза машҳур аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 2 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ин 400 ҳазор тоннааш пиёзи барвақтӣ мебошад. Ҳамзамон дар вилоят соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ босуръат рушд меёбанд. Дар вилоят зиёда аз 1 миллион дона пӯсти чорво ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол гардида, қисми зиёди он дар шакли ашёи хоми коркарднашуда ба хориҷи мамлакат содирот мегардад. Вилоят дар самтҳои парвариши пахта, сабзавот, мева ва ангур, истеҳсоли маҳсулоти органикии ба содирот нигаронида, технологияҳои муосири обёрии қатрагӣ, сохтани сардхонаҳо, марказҳои бастубанду логистикӣ ва корхонаҳои коркард омодаи ҳамкорӣ мебошад. Ин омил дар баробари имтиёзҳои назарраси андозию гумрукӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда муҳим арзёбӣ мегардад.Ҳамзамон соҳаи саноат дар вилоят босуръат рушд намуда, имрӯз саҳми вилоят дар маҷмуи саноати ҷумҳурӣ ба 25 фоиз баробар мебошад. Яке аз имконияти афзалиятноки иқтисодиёти вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли энергияи «сабз» тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда мебошад. Дар ин замина силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Сарбанд» дар тавлиди қувваи барқ нақши калидӣ доранд. Ҳоло 84 фоизи иқтидори истеҳсолии неруи барқи ҷумҳурӣ дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгир буда, ин нишондиҳанда барои рушди саноат ва таъмини иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Табиати зебо ва иқлими мусоиди вилоят имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза ва маҳсулоти комилан органикӣ ба талаботи консепсияи маҳсулоти сабз мутобиқ бошад. Ин барои содироткунандагон ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи муштариён ба маҳсулоти органикӣ бо афзалияти иловагии рақобатнокӣ шароит фароҳам меорад. Бо назардошти ин, аз сармоягузорон ва шарикони рушд даъват карда шуд, ки аз имконияти махсуси минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ташкили ҳам иқтидори истеҳсоли худӣ ва ҳам корхонаҳои муштарак истифода намоянд.

Истифодаи имконияти сайёҳии вилояти Хатлон, ки ҳамасола садҳо ҳазор меҳмонони дохилию хориҷиро ҷалб мекунад, ҳамчунин самти муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ арзёбӣ шуд. Дар ҳудуди вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси инфрасохтори муносиби сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳии кӯҳӣ, дар бахши хизматрасонӣ, тиҷорати меҳмонхона ва тарабхона самти хеле ҷолиб барои тавсеаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ маҳсуб мешавад.

Нимаи дуюми имрӯз Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон инвест-2025» дар бахшҳои «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» идома ёфт.

Кори форум пагоҳ низ идома меёбад. Дар назар аст, ки доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорон бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтару Норак шинос гардида, мавзеъҳои ҷолиби вилояти Хатлонро тамошо намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ноябрь 11, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок рушд меёбад
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад
Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг доир мешавад
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд
Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид