Мақомоти корҳои дохилии Душанбе ҳамкориро бо Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода бо сардори Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкин Чан Хепин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият додани ҳамкориро ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини суботу оромӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, робитаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушд меёбанд.
Дар асоси санадҳои ҳамкорӣ, байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкин ҳамкории доимӣ дорад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






