Масъалаи беҳтар кардани сифати алоқаи мобилӣ, интернет ва хизматрасонии операторҳои мобилӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он сабаб ва омилҳои паст гардидани сатҳу сифат ва дастрасии муштариён ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбарони ширкатҳои мобилӣ оид ба фаъолияташон ҳисобот дода, барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барқарор намудани хизматрасонии босифат ба муштариён ва таъмини муътадили алоқаи мобилӣ ва интернет супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Таъкид гардид, ки масъулини ширкатҳои мобилӣ, новобаста аз қатъ ва ё маҳдуд гардидани таъмини қувваи барқ дар минтақаҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои осебпазир бояд бо истифода аз панелҳои офтобӣ, аккумуляторҳои захиравӣ ва дизел-генераторҳои коршоям фаъолияти ҳама истгоҳҳои базавии мобилиро мунтазам ва бе таваққуф ба роҳ монанд.
Бо мақсади таъмини шаффофият дар фаъолият ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ширкатҳои мобилӣ уҳдадор гардиданд, ки дар ҳолатҳои нақшавӣ ё ногаҳон ба амал омадани зарурати қатъ намудани муваққатии хизматрасониҳо муштариён ва истифодабарандагонро пешакӣ ва сари вақт ба таври ҳатмӣ огоҳ намоянд. Огоҳиномаи ширкатҳо ба муштариён дар ин хусус бояд бо нишон додани сабабҳои қатъшавӣ, минтақаҳои таъсирпазир, вақти оғоз ва муҳлати тахминии барқарорсозии хизматрасонӣ тавассути SMS-паёмҳо, хабарҳои фаврӣ дар сомонаҳои расмии ширкатҳо ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шавад.
Дар ин замина масъулин аз истифодабарандагони хизматрасониҳои мобилӣ дархост менамоянд, ки дар ҳолати паст будани сифати хизматрасонӣ ё фаъолият накардани истгоҳҳои мобилӣ бо нишон додани суроға, вақти ба миён омадани мушкилӣ ва номи оператор ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоянд.
Тадбирҳои зерин бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, барқарор кардани эътимоди шаҳрвандон ва рушди устувори шабакаҳои мобилӣ андешида шудаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо мақсади расидан ба арзу шикоят ва дархостҳои муштариён, истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва интернет, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, аз ҳисоби роҳбарияти Хадамоти алоқа, сохторҳои он ва роҳбарону масъулини ширкатҳои мобилӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои операторони мобилӣ ва бо назардошти арзу шикоятҳои истифодабарандагону муштариён оид ба паст будани суръати алоқаи мобилию интернет ва қатъи муваққатии хизматрасониҳо дар баъзе минтақаҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






