МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аз дастгирии сафари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба чемпионати ҷаҳон дар Қатар хабар дод.
Ин иқдом на танҳо барои варзишагрони ҷавон имкони арзанда муаррифӣ намудани ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонии футбол фароҳам меорад, балки қисме аз ташаббуси васеъмиқёс оид ба рушди футболи кӯдакона дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки бо мусобиқаи «МегаФон U12» анҷом ёфт.
Дастгирии МегаФон Тоҷикистон ба мунтахаби наврасон (U-17) имкон дод, ки дар мусобиқаи асосии байналмилалӣ иштирок намоянд. Пеш аз сафар, бо илҳом бахшидани насли оянда, бозингарони мунтахаб бо финалистони мусобиқаи «МегаФон U12», ки аз ҷониби Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ташкил карда шуд, вохӯрданд.
Мусобиқаи «МегаФон U12», ки дар Душанбе аз 9 то 14 октябр баргузор гардид, боистеъдодтарин футболбозони наврасро ҷамъ овард. Финалистон барои бо дӯстони калонсоли худ аз мунтахаби U-17 вориди майдон шудан имконияти беназире пайдо намуданд. Варзишгарони соҳибтаҷриба ба писарбачаҳо маслиҳатҳо дода, онҳоро баҳри ноилшавӣ ба дастовардҳои нав илҳом бахшиданд.
«Вохӯрӣ бо футболбозони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон U-17 ҷолиб буд. Онҳо моро барои футболбоз шудан ва бозӣ кардан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ илҳом бахшиданд», — иброз дошт яке аз иштирокчиёни мусобиқа Бахтиёр.
«Мо аз имконияти дастгирӣ намудани мунтахаби худ ва фароҳам овардани шароитҳое, ки варзишгарони ҷавонро барои ноил шудан ба дастовардҳои нав илҳом мебахшанд, бениҳоят ифтихормандем. Вохӯрӣ бо бозингарони U-17 – ин ҳавасмандии муассир барои чемпионҳои оянда буда, маҳз чунин лаҳзаҳо ояндаи варзишии мамлакатро ташаккул медиҳанд», — гуфт директори генералии «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
Директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев муҳимияти шарикиро таъкид намуда, иброз дошт, ки дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар рушди варзиши кӯдакона саҳми калон мегузорад. Чунин ташаббусҳо ба варзишгарони наврас барои боварӣ пайдо намудан ба неруи худ ва орзуҳои бузург кумак расонда, барои инкишофу рушди насли нави варзишгарон, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ арзанда муаррифӣ менамоянд, шароитҳоро фароҳам меоранд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар, ки бори нахуст дар шакли васеъ аз 3 то 27 ноябр баргузор мегардад, 48 дастаро гирди ҳам меорад, баромад мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бозӣ хоҳад намуд:
-5 ноябр бар зидди Чехия
-8 ноябр — бо ИМА
-11 ноябр — бо Буркина-Фасо
«МегаФон Тоҷикистон» – якҷоя футболро инкишоф дода, чемпионҳои ояндаро ба воя мерасонем!
АКС: Ширкати МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






