Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид

Ноябрь 11, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии шоҳмот ва Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 амалӣ мегардад.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон баргузор шуда,  то 16 ноябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

Дар мусобиқа зиёда аз 250 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд. Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он рушди минбаъдаи шоҳмот дар мамлакат, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон мебошад.

Дар мусобиқа ташаббусҳои варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон баргузории чунин мусобиқаҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии варзишгарони тоҷик ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муҳим дониста шуд.

Мусобиқа бо фарогирии шоҳмотбозони сатҳи гуногун доир шуда, ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиш дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 11, 2025 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад