Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми чил рӯзи ҷараёни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи даъват дар ҳудуди ҷумҳурӣ қариб 96 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шуруъ аз 1 октябри соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ идома дорад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи якуми даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
То ин давра шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидаро дар самти даъват сад фоиз иҷро намуданд. Бо гузашти чил рӯз нақшаи даъват дар вилояти Суғд 89 фоизро ташкил медиҳад. То ин муддат шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон ва Спитамен нақшаи гусели ҷавонписаронро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пурра иҷро намуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати чил рӯз нақшаи пешбинигардида қариб 95 фоиз иҷро карда шуд. Аз маҷмуи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун, Файзобод, Турсунзода ва Ҳисор якумин шуда, иҷрои нақшаро пурра таъмин намуданд.
АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






