ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст

Ноябрь 22, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 985 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 132 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ин сӯхторҳо 17 нафар ба ҳалокат расида, ба амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 23 миллиону 360 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ расидааст. Дар ин давра кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии мамлакат ба маблағи 684 миллиону 677 ҳазор сомонӣ молу мулки мардумро аз сӯхтор наҷот доданд.

Бояд гуфт, ки сӯхтор яке аз хатарноктарин ҳолатҳои фавқулода ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба ҷону моли инсон зарари ҷиддӣ расонад. Тавре мутахассисон иброз медоранд, аксар ҳодисаҳои сӯхтор маҳз аз бемасъулиятӣ, беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои одӣ ба амал меоянд.

Сӯхторҳо метавонанд бо сабабҳои гуногун рух диҳанд ва омилҳои онҳо метавонанд иҷтимоӣ, техногенӣ ва табиӣ бошанд, аз ҷумла:

– инсон дар зиндагӣ бо оташ нодуруст рафтор мекунад ва ё касе дар ҷангалу беша фаромӯш мекунад, ки гулханро хомӯш кунад;

– қоидаҳои бехтарии зидди сӯхторро риоя намекунанд;

– сӯхтор метавонад бо сабабҳои табиӣ, аз ҷумла ҳангоми раъду барқ сар занад;

– одамон баъзан барқасдона ашёи каси дигарро оташ мезананд, ки дар натиҷа ҳолатҳои нохуб ба вудҷуд меоянд;

– риоя накардани чораҳои зиддисӯхтор дар корҳои истеҳсолӣ;

– истифодаи нодурусти асбоби барқии гармидиҳанда ва ё ноқилҳои барқ.

Чӣ бояд кард, агар дар хона сӯхтор рух диҳад?

– Дар баробари ҳис кардани бӯйи сӯхта дар хона, пеш аз ҳама, ашёи заруриро ба ҷойи бехавф кӯчонед ва фавран ба хадамоти оташхомӯшкунӣ хабар диҳед;

– Зарур аст, ки аввал кӯдакон ва пирсолонро аз хона ба кӯча бароред;

–Агар алангаи оташ пасттар бошад, бо истифода аз оби ошхона ба хомӯш кардани он шуруъ кунед;

– Оташро метавон бо ёрии латтаҳои таркардашуда низ хомӯш кард. Аммо дар ин ҳолат бодиққат бошед, ки қувваи барқ ба шумо осеб нарасонад;

– Обро бар зидди дуд истифода накунед ва ё талош накунед, ки қисмати болоии оташро хомӯш кунеду ба қисмати асосии он кор нагиред;

Агар ашёе дар хона доред, ки гумон мекунед зуд дармегирад, талош накунед ба он об занед, балки интизор шавед оташхомӯшкунон расанд ва агар онҳо набошанд, пас болои онҳоро бо латтаи ғафси таркардашуда печонед;

– Дар вақти сӯхтор дару тирезаҳоро боз накунед, ин алангаи оташро бештар мекунад;

– Агар сӯхтор ҳоло алангаашро ба дигар ҷойҳои хона паҳн накардаасту бовар доред, ки худ аз уҳдаи хомӯш кардани он мебароед, пас ҷиддӣ бошеду зуд амал кунед.

– Ҳангоме ки дар хонаи шумо сӯхтор ба амал меояд, ҳамсояҳоро огоҳ кунед, то омодаи ҳифозати хонаҳои худ бошанд.

­– Агар сӯхтор шадид аст ва шумо аз хона наметавонед берун шавед, пас коре карда, ба айвонча бароед ва аз он ҷо ба кумак даъват намоед;

– Вақте кормандони сӯхторхомӯшкунӣ меоянд, вазъро тавре ҳаст, барояшон гӯед.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки вақте ки сӯхтор рух медиҳад, муҳим аст ором бошед ва воҳима накунед. Вақте ки шумо ором ҳастед, метавонед дар ҳолати сӯхтор кореро анҷом диҳед, ки ба манфиат аст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 22, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад