ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нишондиҳандаи Global Solar Atlas (PVOUT) — миқдори миёнаи тавлиди барқи солона аз насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1400 — 1600 кВт- соат мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт дар Тоҷикистон дар як сол 1400-1600 кВт-соат энергия гирифтан мумкин аст. Нишондиҳандаи мазкур дар Олмон 700-1100 кВт-соат мебошад. Ин исбот менамояд, ки манбаъҳои энергияи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебошанд. Ин матлабро муовини директори Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон Мансур Қудусов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон норасоии неруи барқ ба назар мерасад. Панелҳои офтобӣ — дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд. Имрӯзҳо ин панелҳо бештар маъмуланд, зеро манбаи тоза ва дастрас барои энергия мебошанд. Ба андешаи коршиносон, бо дастрас шудани таҷҳизоти офтобӣ зиндагии сокинони мамлакат беҳтар гардида, он дар 3-4 сол хароҷоташро мебарорад ва ба мардум ба муддати тӯлонӣ хизмат мекунад.
Мувофиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар мамлакати мо, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад, неруи Офтоб ҳамчун манбаи дуюми энергияи барқароршаванда пас аз неруи об хеле мусоид аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд, ки 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид намуданд, ки «истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, неруи офтобӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳистон ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба неруи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин ба роҳ мондани технологияҳои муосири «сабз» ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд».
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид доштанд, ки «васеъ намудани миқёси насби панелҳои офтобӣ дар иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус дар деҳот ва ба роҳ мондани технологияҳои офтобӣ дар шабакаҳои гармидиҳӣ низ муҳим мебошад».
Ба Тоҷикистон панелҳои офтобӣ аз кадом давлат ворид карда мешаванд?
Мансур Қудусов иброз намуд, ки барои тавлиди неруи барқ якчанд намуди технологияҳо истифода мешавад, аммо панели офтобӣ энергияи аз ҷиҳати экологӣ тозаро тавлид менамояд. Дар айни замон таҷҳизоти низоми офтобӣ, аз ҷумла панелҳои офтобӣ, инверторҳо, аккумуляторҳо ва ноқилҳои дар давлатҳои Чин, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Ҷопон ва ғайра истеҳсол карда мешаванд. Ин гуна таҷхизот аз тамоми давлатҳо вобаста ба талаботи харидорон дастрас карда мешаванд, вале миқдори зиёди воридоти он ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Сабаби якбора зиёд шудани талабот ба низоми электрикии офтобӣ дар Тоҷикистон ба миқдори воридшавии таҷҳизоти офтобӣ вобаста аст. Ин раванд ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Ҷиҳати мусбаташ он аст, ки таҷҳизоти низоми офтобӣ ба харидорон дастрас карда мешавад, ҷиҳати манфиаш дар он аст, ки таъминкунандагони таҷҳизоти офтобии камтаҷриба метавонанд низомҳои пастсифатро ба харидорон пешниҳод намоянд.
Чӣ гуна метавон панелҳои офтобии баландсифат дастрас кард?
«Ҳангоми ворид намудани таҷҳизоти офтобӣ мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси гузаронидани санҷиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунанда ба он сертификати мутобиқат дода мешавад. Ҳангоми харидорӣ кардани таҷҳизот аз воридкунанда ҳуҷҷати тасдиқкунанда талаб карда мешавад», — афзуд Мансур Қудусов.
Панелҳои офтобӣ то чанд киловатт неруи барқ истеҳсол карда метавонанд?
Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои навин дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Қодиров иброз намуд, ки имрӯз номгӯйи васеи панелҳои офтобӣ барои харид дастрас буда, нархи онҳо вобаста ба иқтидорашон мебошад.
Панелҳои офтобӣ аз инвертор (тағйирдиҳандаи ҷараёни барқ), контроллер (танзимгари барқ) ва аккумулятор (таҷҳизоти захираи барқ) иборат ҳастанд. Панелҳо нақши қабул ва манбаи неруро иҷро мекунанд. Онҳо равшании офтобро қабулу коркард карда, онро ба ҷараёни барқ табдил медиҳанд, ки дар идома он тавассути контроллер ба батареяҳои аккумулятор дода мешавад. Барқи дар панел ҳосилшуда дар аккумулятор захира карда мешавад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор меорад ва агар баланд бошад, онро аз кор бозмедорад.
Ба иттилои соҳибкорон, пеш аз насби ин система онҳо бо мизоҷон доир ба истифодаи таҷҳизоти барқие, ки дар хонаҳояшон истифода мебаранд, машварат менамоянд. Баъзе мизоҷон панели офтобиро танҳо барои равшании хона ва баъзеи дигар барои гарм кардани техникаҳои гармкунанда дархост менамоянд. Нархи ин панелҳо вобаста ба талаботи мизоҷон муайян карда мешавад.
Таъсиси корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон
24 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузоштанд. Барои бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ 22 гектар замин ҷудо гардид, ки марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо оғоз шудааст.
Бо кор даровардани ин корхона то соли 2030 барои дар ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад.
Анвар Қодиров мегӯяд, ки аз неруи Офтоб, ки манбаи беминнати рӯшноию гармӣ мебошад, оқилона истифода бурдан самараи хуб хоҳад овард. Мувофиқи ҳисоботи коршиносони Бунёди байналмилалии табиат (WWF), то соли 2050 давлатҳои ҷаҳон пурра ба энергияи барқароршаванда рӯ меоранд. Ин маънои онро дорад, ки ба ҷуз шабакаи барқи маъмулӣ биноҳо бояд бо панелҳои офтобии дорои имкони захираи неру (энергия) барои шаб муҷаҳҳаз бошанд. Панелҳои офтобӣ таркибҳои механикӣ, барқӣ ё электронӣ надоранд. Аз ин рӯ онҳо барои муҳити зист комилан бехатаранд. Аз онҳо партовҳои зарарнок истеҳсол нашуда, комилан бесадо кор мекунанд ва ба солимии инсон таъсир намерасонанд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, нархи гарони панелҳо на ба ҳар сокини мамлакат имкон медиҳад, ки чунин системаро харидорӣ намояд. Агар аз ҷониби соҳибкор ва ё мақомоти давлатӣ дар маҳаллае чунин система насб карда шавад, сокинон дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд бо барқ таъмин гарданд.
Дар айни замон панелҳои нисбатан хурди офтобӣ дар кӯчаҳои шаҳру деҳот зиёдтар ба чашм мерасанд. Яке аз ҳадафҳои насби чунин дастгоҳҳо сарфаи неруи барқест, ки аз об тавлид мешавад. Чунин панелҳо, ки дар назди чароғҳои роҳнамою равшанидиҳандаи канори роҳҳо насб шудаанд, неруи барқи онҳоро таъмин мекунанд.
Панелҳои офтобӣ дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд ва манбаи тозаю дастрас барои энергия мебошанд. Энергияи офтобӣ манбаи барқароршавандаи энергия аст, ки ба табиат зарар намерасонад. Панелҳои офтобӣ қадаме ба сӯи мустақилияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра мебошанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд
Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст
Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд






