Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд

Февраль 24, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кӯҳистони Мастчоҳ ‎ хатҳои интиқоли барқ таъмирталаб мебошанд.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои санҷиши кормандони шуъбаи агентӣ дар минтақаи Зарафшон нишон дод, ки якчанд таҷҳизот ва инфрасохтори барқии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба талаботи техникию меъёрҳои амалкунанда пурра мутобиқ нестанд. Ҳолати трансформаторҳо, симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли неруи барқ нигаронкунанда буда, камбудиҳои техникии онҳо метавонанд боиси ба вуҷуд омадани садамаҳо, қатъшавии интиқоли барқ ва дигар ҳодисаҳои нохуш гарданд.

‎Ҳамзамон ҳолатҳои изофанависии неруи барқ аз тарафи Шабакаҳои барқи ноҳия дар ҳаҷми 34 ҳазор кВт-соат ошкор шуданд.

‎Ба масъулини шабакаҳои барқи ноҳия дастур дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳ камбудиҳои мавҷударо бартараф ва назорати техникиро пурзӯр намоянд.

Бояд гуфт, ки неруи барқ сарвати миллист ва онро бояд оқилона, самаранок ва тибқи қоидаҳои муқарраргардида истифода намуд.

АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд