ПАРЧАМ ВА ПАРЧАМДОРӢ ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишони соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб мешавад. Ин матлабро имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст.
Ойини парчамдории миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик таърихи хеле қадимӣ дорад. Гузаштагони арҷманди мо давоми ҳазорсолаҳо зери парчами худ саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳифз кардаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 чунин изҳор доштанд: «Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии мамлакати зебоманзарамон ҳаммароми «Диравши Ковиёнӣ»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг – ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагию асолати миллӣ, давлату давлатдори мустақил ва ормонҳои ватанхоҳию қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».
Парчами давлатӣ ба шарафи сафарҳои расмии Роҳбари давлат, ҳайатҳои давлатӣ, ғолибияти фарзандони бонангу ори Ватан дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳои илмӣ ва дигар ҳамоишу маъракаҳои ҷаҳонӣ дар тамоми давлатҳои дунё баланд бардошта мешавад. Халқи шарафманди Тоҷикистон зери ин парчами муқаддас мутаҳид гардида, барои ободию шукуфоии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






